- нишон
- I[نشان]1. асоси замони ҳозира аз нишондан2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои муракаб ба маънои нишонанда: оташнишонII[نشان]1. асар, пай, из; нишона, аломат; дарак; нишон додан а) ишора кардан ба чизе; чизе ё касеро ба каси дигар намоёндан; намоиш додан; б) вонамуд кардан, зоҳир кардан; в) маълум кардан, муайян сохтан; г) исбот кардан, собит намудан; тасдиқ кардан; нишон мондан асар мондан, ёдгорӣ боқӣ мондан; беному нишон рафтан беасар рафтан, бедарак шуда рафтан; кор нишон додан хидмате кардан, кореро ба хубӣ адо намудан; ҳунарнамоӣ кардан; худро нишон додан истеъдод ва лаёқати худро зоҳир кардан; Худо нишон надиҳад аз қабили Худо нигаҳ дорад ҳаргиз нашавад!; шоҳид нишон додан касеро ҳамчун шоҳид мауаррифӣ кардан, шоҳид овардан2. чизе ки дар машқҳои таълимӣ ва ҳарбӣ ба он нигоҳ карда тир мепарронанд, ҳар чизе, ки ҳамчун ҳадафи тирандозон хизмат мекунад, омоҷ; ба нишон гирифтан а) бо чашм ҳадафро муайян кардан; б) ҳадаф қарор додан (барои ғаразе); бо як тир чанд(ду) нишонро задан маҷ. аз коре якбора ду натиҷа (фоида) ба даст даровардан3. тамға, аломати фарқ, нишона4. аломате ба шакли порчаи филизӣ (аз тилло, нуқра ва ғ.), ки барои қадр кардани хизматҳои шоён ба касе аз тарафи хукумат дода мешавад ва ба сари сина овехта мегарданд, орден; медал; аломате, ки ба ғолибони мусобиқа, барандаи мукофоте ё соҳибони унвону дараҷае супурда мешавад; нишони “Шараф”; нишони сарисинагӣ
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.